Ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии Агентии байналмилалии неруи атомӣ
Аз 9 то 13 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия Симпозиуми байналмилалӣ оид ба кафолатҳои АБНА (Symposium on International Safeguards 2026) таҳти унвони «Навоварӣ ва устуворӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда — кафолатҳо ҳамчун масъулияти муштарак» баргузор гардид.
Дар кори чорабинии муҳими байналмилалии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Илҳом Мирсаидзода, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктор Қобилҷон Қурбонов ва сардори шуъбаи идоракунӣ ва робита бо ҷомеа Олимҷон Азизӣ иштирок намуданд.
Симпозиум намояндагони давлатҳои аъзои АБНА, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти миллии танзимкунанда, муассисаҳои пешрафтаи илмию таҳқиқотӣ, коршиносони соҳа ва намояндагони саноати ҳастаиро бо мақсади баррасии мушкилоти муосир ва дурнамои таҳкими низоми байналмилалии кафолатҳо, ки ба таъмини истифодаи истисноан осоиштаи мавод ва технологияҳои ҳастаӣ равона гардидааст, муттаҳид намуд.
Дар маросими ифтитоҳи симпозиум муовини Директори генералии АБНА, роҳбари Департаменти кафолатҳо Массимо Апаро иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласаҳои умумӣ, муҳокимаҳои мавзӯӣ ва бахшҳои техникии симпозиум ба масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои санҷиш ва назорати маводи ҳастаӣ, усулҳои муосири таҳлилӣ, робототехника ва низомҳои худкори назорат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои такмили низомҳои миллии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ҳастаӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи кафолатҳои АБНА, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар барномаи симпозиум масъалаҳои татбиқи амалии принсипи «ба назар гирифтани талаботи кафолатҳо дар марҳилаи лоиҳакашӣ» (Safeguards by Design), рушди иқтидори миллии давлатҳои аъзо, инчунин ҳамгироии масъалаҳои бехатарии ҳастаӣ, амнияти физикии ҳастаӣ ва кафолатҳои АБНА дар доираи равиши маҷмӯӣ, ки бо номи консепсияи «3S» маъруф аст, ҷойгоҳи муҳим доштанд.
Дар баробари иштирок дар барномаи расмии симпозиум, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳои дуҷонибаро бо шарикони байналмилалӣ доир намуд, ки ба дурнамои таъсиси Маркази минтақавии ХБРЯ ЭКСПО (CBRN Expo Center) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуданд.
Ташаббуси мазкур таъсиси як маркази муосири минтақавии намоишгоҳӣ, муаррифии технологияҳо ва илмию техникиро пешбинӣ менамояд, ки фаъолияти он ба пешбурди технологияҳои пешрафта, роҳҳалҳои инноватсионӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додани хатарҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, таъмини бехатарии ҳастаӣ ва амнияти физикии ҳастаӣ, инчунин татбиқи кафолатҳои АБНА равона мегардад.
Дар ҷараёни мулоқотҳои дуҷониба самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, имкониятҳои ҷалби дастгирии техникӣ ва коршиносӣ, муҷаҳҳаз намудани Маркази оянда бо таҷҳизоти муосири махсусгардонидашуда, инчунин ташкили чорабиниҳои намоишӣ, омодасозии касбии мутахассисон ва табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои Маркази ХБРЯ ЭКСПО ҳамчун платформаи минтақавӣ барои муаррифии низомҳои муосири ошкорсозии маводи радиоактивӣ, технологияҳои муайянсозӣ ва мушаххасгардонии маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ, воситаҳои таъмини амнияти физикии ҳастаӣ, таҷҳизоти баҳисобгирӣ ва назорати маводи ҳастаӣ, инчунин роҳҳалҳои инноватсионӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ равона карда шуд.
Интизор меравад, ки татбиқи ташаббуси мазкур имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкориҳои илмию техникӣ ва байналмилалӣ васеъ намуда, ба таҳкими иқтидори минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, таъсиси чунин марказ барои густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои илмӣ, шарикони байналмилалӣ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти махсусгардонидашуда заминаҳои нави мусоид фароҳам меорад.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии АБНА оид ба кафолатҳо имконияти муҳим барои шиносоӣ бо дастовардҳои навтарин дар соҳаи кафолатҳои байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва барқарор намудани робитаҳои нави касбӣ арзёбӣ мегардад.
Мулоқотҳои дуҷонибаи баргузоргардида ҳамчунин аҳаммияти рушди шарикии байналмилалиро ҷиҳати пешбурди ташаббуси таъсиси Маркази ХБРЯ ЭКСПО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро дар самти густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҳкими иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амнияти ХБРЯ, бехатарии ҳастаӣ, амнияти физикии ҳастаӣ ва татбиқи кафолатҳои АБНА идома хоҳад дод.